Омӯзиш барои табибон ва ҳуқуқшиносон
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). 27-29 октябри соли 2012 дар Маркази тадқиқоти стратегӣ Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо шарикии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо барои табибони муассисаҳои ислоҳотӣ, Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судии тиббӣ, судяҳо, кормандони додситонӣ ва адвокатҳои ҷумҳурӣ аз рӯи меъёрҳои Протоколи Истанбул омӯзиш мегузаронад. Иштирокчиёни тренинг тӯли се рӯз ба ду гурӯҳ (табибон ва хуқуқшиносон) ҷудо шуда, бо асосҳои тафтиши далели истифодаи шиканҷа ва ҳамчунин бо меъёрҳои байналхалқии гузаронидани ташхиси судии тиббии ҷабрдидаҳои эҳтимолии шиканҷа ва санадсозии далели шиканҷа шинос мешаванд. Кормандони Созмони «Табибон барои ҳуқуқи инсон», ки яке аз муаллифону таҳиягарони Протоколи Истанбул, мебошанд, дар омӯзиши мазкур вазифаи коршиносонро ба дӯш доранд. Чунин омӯзишҳо қаблан дар Қирғизистон, Қазоқистон ва дар дигар кишварҳои ҷаҳон, ки меъёрҳои Протоколи Истанбул ба қонунашон ворид гардида дар амал истифода мешаванд, гузаронида шуда буданд. Протоколи Истанбул дастури самараноки тафтиш кардану санадсозии далелҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмонаву муҷозот мебошад. Протоколи Истанбул – ин натиҷаи заҳмати сесолаи кори таҳлилии 75 коршиноси соҳаи тиб ва ҳуқуқи инсон мебошад, ки аз 40 ташкилоту муассисаи 15 кишвари ҷаҳон намояндагӣ мекарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






