Омӯзиши муқаррароти асосии Кодекси андоз ба андозсупорандагон
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Тайи ду рӯз аст, ки дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони соҳа доир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав барои андозсупорандагон семинар баргузор мешавад.Мақсад аз силсиласеминарҳо, ки дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд, омӯзиши муқаррароти асосии Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав аст, ки аз оғози соли 2013 мавриди амал қарор мегирад.Дар семинар мутахассисон таваҷҷуҳи андозсупорандагонро ба тағйироти муҳиме, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав нисбат ба Кодекси андози амалкунанда пешбинӣ шудааст, ҷалб намуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки тибқи Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кодекси андоз маъмурикунонии андозҳо соддатар, шумораи истинодҳо, эъломияҳо, ҳисобот ва пардохтҳо камтар шудааст, ки дар натиҷа иҷрои уҳдадориҳои андоз аз ҷониби андозсупорандагон осонтар мегардад. Дар айни замон мутахассисони Кумитаи андоз кӯшида истодаанд, ки то охири сол дастурамалҳоеро, ки таҳияи онҳо аз Кодекси андоз бармеоянд, омода ва қабул намоянд, то ин ки қонунгузории андоз аз оғози сол дар шакли мукаммал мавриди амал қарор гирад ва фаъолияти андозсупорандагон оид ба иҷрои уҳдадориҳои андозиашон халалдор нагардад, зеро системаи андоз бояд аз як ҷониб, эҳтиёҷоти давлат ва ҷамъиятро ба захираҳои молиявӣ қонеъ намуда, аз ҷониби дигар, на танҳо садди роҳи рушди фаъолияти соҳибкорӣ нагардад, балки соҳибкоронро барои ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои самараноки фаъолияташон ҳавасманд намояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






