Омӯзиши намунаҳои «Марказҳои омода кардани кӯдакон ба мактаб»
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Аз 1 то 3 ноябр дар вилояти Суғд ва аз 9 то 11 ноябри соли 2012 дар ВМКБ бо дастгирии барномаи «Рушди барвақтии кӯдак»-и Институти «Ҷамъияти кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва лоиҳаи шабакавии «Рушди барвақтӣ»-и Институти «Ҷамъияти Кушода»-и Лондон барои намояндаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимият, мудирони шуъбаву идораҳои маориф ва омӯзгорон аз ноҳияҳои Куҳистони Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Мурғоб, Роштқалъа, Рӯшон, Тавилдара, Тоҷикобод ва шаҳрҳои Қайроққуму Хоруғ омӯзишҳо оид ба таъсиси намунаҳои ҷойгузини «Марказҳои омода кардани кӯдакон ба мактаб» баргузор мегарданд. Ҳадафи асосии баргузории омӯзишҳо – таҷриба кардани лоиҳаи ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ оид ба таъсиси намунаҳои ҷойгузини «Марказҳои омода кардани кӯдакон ба мактаб» дар маҳалҳое мебошад, ки муассисаҳои томактабӣ вуҷуд надоранд. Таъсиси марказҳои ҷойгузини омода кардани кӯдакон ба мактаб — ин таъмини ҳуқуқи ҳар як кӯдак ба таҳсилоти босифати барвақтӣ мебошад. Феълан дар Тоҷикистон қариб 93 фоизи кӯдакони хурдсол аз таҳсилоти томактабӣ, ки давлат аз тариқи маблағгузории буҷавӣ кафолат медиҳад, маҳрум мондаанд. Ҳамин аст, ки масъалаи рушди барвақтии кӯдакон ва таҳсилоти томактабӣ дар системаи ислоҳоти соҳаи маориф муҳим арзёбӣ мешавад. Вобаста ба вазъи мушкили иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъсиси намунаҳои ҷойгузини таҳсилоти томактабӣ муҳим буда, яке аз онҳо таъсиси Марказҳои омода кардани кӯдакон ба мактаб мебошад, ки он дар Тоҷикистон ташаббуси нав аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






