Омӯзиши пурраи компютер дар ду моҳ
Турсунзода, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Ба наздикӣ даври шашуми курси омӯзиши компютер дар Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» оғоз мегардад. Ин амали нек бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар корхона ташкил шуд. Курси номбурдаро то имрӯз зиёда аз 100 нафар ҷавондухтар ва ҷавонписар хатм намуда, соҳиби сертификат гардиданд. Тибқи иттилои Иброҳим Сатторов, раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ Тоҷикистон дар КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» онҳо мақсад доранд, ки бо иҷозатномаи Вазорати маориф курси омӯзиши забони англисиро ҳам ба роҳ монанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






