Омӯзиши самараи бекирмгардонӣ
Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 16 октябр дар мактаби №20 — уми пойтахт маросими омӯзиши самараи ду даври бекирмгардонӣ, ки соли 2012 дар Тоҷикистон сурат гирифт, оғоз ёфт. Хонандагони мактаби мазкур дар таҳқиқи лабораторӣ, ки самараи маъракаи зикршударо нишон медиҳад, иштирок менамоянд.Дар ин чорабинӣ муовини вазири тандурустии ҶТ Соҳибназар Раҳмонов, Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот, ҳамоҳангсози минтақавии Бунёди Ростропович – Вишневская дар Осиёи Марказӣ Султон Мамедов иштирок намуданд. Даври якуми бекирмгардонӣ аз 16 то 27 апрел ва даври дуюми он аз 17 то 24 сентябр роҳандозӣ шуда ва кӯдакони синнашон аз 12 то 79 моҳ ва хонандагони синфҳои аз 1 то 11, ҳамчунин занони синнашон аз 15 то 49 — ро фаро гирифтанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






