Омилҳои пешгирии коррупсия
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар» Ибодат Давлатова)- «Пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он» таҳти ин унвон дирӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва доираи васеи кормандони дастгоҳи марказии вазорат ҳамоиш баргузор гардид. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд, чорабинӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия ва тибқи нақшаи чорабиниҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар ҳамоиш кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия атрофи мушкилоти омӯзиши коррупсия, асосҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллии мубориза бо коррупсия, пешгирии омилҳое, ки ба пайдоиш ва паҳншавии коррупсия мусоидат мекунанд, ташаккули руҳияи зиддикоррупсионӣ ва фазои тоқатнопазирӣ нисбат ба коррупсия изҳори ақида намуданд. Аз ин лиҳоз, ҳам роҳбарони сохторҳои таркибӣ ва ҳам кормандони вазорат ҷиҳати ошкор ва бартараф намудани ҳолатҳои пайдоиши коррупсия, пешгирии кӯшишҳои фароҳамоварии шароитҳое, ки метавонанд боиси ҳолатҳои коррупсионӣ гарданд, бояд дастҷамъона кӯшиш ба харҷ диҳанд, -зикр гардид дар чорабинӣ.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






