Омодагӣ ба ҷашни иҷлосияи тақдирсоз
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси ноҳияи И.Сомонӣ Аъламхон Қурбонов, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборова ва Абдураҳмон Хонов, директори Маркази таълимии «Сарвар» Бозгул Додхудоева, раиси Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтӣ, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Носирҷон Салимов, директори муассисаи давлатии телевизиони «Пойтахт» Абдуқодири Абдуқаҳҳор ва намояндагон аз сохтору ташкилотҳои ноҳия ширкат намуда, доир ба аҳамияти таърихии иҷлосияи мазкур суханронӣ намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






