Омўзиши таҷрибаи таиландиҳо

Октябрь 25, 2012 14:12

Душанбе, 25 октябр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон, ки фаъолияташон ба созишномаҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат /СҶТ/оид ба чораҳои санитарӣ-фитосанитарӣ /СФС/ ва монеаҳои техникӣ дар тиҷорат дахл дорад, ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолият ва таҷрибаи ниҳодҳои марбут ба СФС -и Таиланд ба ин кишвар сафар карданд. Намояндагони Ниҳоди миллии огоҳсозӣ ва Марказҳои миллии иттилоотӣ оид ба СФС, Иттиҳоди соҳибкорон ва содиркунандаҳои Тоҷикистон, ҳамчунин мушовирони миллии Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) дар ҷараёни сафари худ бо фаъолиятҳои кунунӣ, таҷриба ва роҳҳои мудирияти намояндагони ниҳоди миллии огоҳсозӣ ва Марказҳои миллии иттилоотии Таиланд шинос мешаванд. Сафари ҳайати намояндагони Тоҷикистон, ки то 4 ноябр дар Таиланд идома меёбад ваонҳо зимни сафар бо фаъолит ва таҷрибаи бахши хусусии ин кишвар, ки ба интишори маълумот оид ба стандартҳои феълӣ ва пешниҳодӣ, қоидаҳои техникӣ, тартиби баҳогузории мутобиқат ва чораҳои СФС машғуланд, шинос хоҳанд шуд.

Октябрь 25, 2012 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш