Парламентарҳои ИДМ ба Душанбе меоянд
Душанбе, 24 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Интизор меравад, ки имрўз -24 октябр як ҳайати вакилони аъзои Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ оид ба фарҳанг, иттилоот, туризм ва варзиш озими Душанбе гарданд. Парламентарҳои ИДМ, ки онро Евгений Тарло роҳбарӣ мекунад, зимни сафари худ ба Тоҷикистон бо Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони кумита ва комиссияҳои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон мулоқот менамоянд. Вакилони аъзои Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, туризм ва варзиш дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода, Осорхонаи миллии бостоншиносӣ боздид намуда, бо фарҳанг ва тамаддуни минтақаҳои истироҳатӣ ва туризми Тоҷикистон аз наздик ошно хоҳанд шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






