Парвандаи Ҳоҷиқурбон Талбонов ба додгоҳ рафт
Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Шӯъбаи тафтишотии Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар парвандаи ҷиноӣ нисбат ба гумонбар дар тиҷорати маводи мухаддир Ҳоҷиқурбон Талбоновро ба анҷом расонд ва барои баррасӣ ба суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол намуд.Номбурда охири моҳи август бо гумони нигаҳдории ғайриқонунии маводи нашъадор ва хариду фурӯши он боздошт шуда буд. Дар натиҷаи роҳандозии як амалиёти фаврию ҷустуҷӯӣ тибқи маълумоти дарёфтшуда аз хонае воқеъ дар кӯчаи Ҳисори пойтахт аз дохили плитаи газ 772,3 грамм героин пайдо ва мусодира шуд. Тафтишот нишон дод, ки номбурда ин миқдор маводи мухаддирро бо қасди фурӯш моҳи майи ҳамин сол аз шахси барои тафтишот ношинос бо номи «Алик» ба ивази 4 ҳазор доллари ИМА харида будааст. Додугирифти онҳо нисфирӯзӣ дар паси бинои баландошёнаи Маҷмааи рӯзномаву маҷаллаҳо баргузор шуд. Дар аввал маводро ҳатто ба хонааш набурд ва муддате онро дар зери девори бетонии истгоҳи шабонарӯзии воситаҳои нақлиёт, воқеъ дар маҳаллаи 33 пойтахт ва наздикии мактаби таҳсилоти ҳамагонии №39 пинҳон кард. Танҳо 15 август маводро аз он пинҳонгоҳ берун овард ва ба хонае, ки донишҷӯёни ҳамдеҳааш муваққатан истиқомат мекарданд, интиқол дод. Ҳангоме, ки донишҷӯён дар хона набуданд, онро дар дохили плитаи газ пинҳон сохт ва дар ҷустуҷӯи харидор ва ё воситаи интиқоли он афтод. Вале ҳанӯз ба мақсад нарасида, аз ҷониби кормандони агентӣ боздошт ва ба ҳабс гирифта шуд. Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






