«Пешгирӣ ва оқибатҳои тиббии нашъамандӣ»
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти кишвар бо донишҷӯёни Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хоруғ дар мавзӯи «Пешгирӣ ва оқибатҳои тиббии нашъамандӣ» мулоқот доир намуданд.Алишер Ташрипов, сардори Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандии Агентӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки мулоқот ба таври интерактивӣ гузаронида шуда, ба донишҷӯён маълумот оид ба ҳолати вазъи нашъамандӣ дар кишвар, махсусан дар ВМКБ, бемории нашъамандӣ ва аломатҳои зоҳирии он, инчунин расонидани ёрии аввалини тиббӣ ҳангоми сӯистеъмоли маводи нашъаовар ироа шуд. Ҳамзамон дар бораи намудҳои маводи нашъадор, таъсири мухаддирот ба бадани инсон сухан ронда, ба саволҳои ширкаткунандагон посух дода шуд. Кормандони Агентӣ аз донишҷӯён даъват карданд, ки чун табибони оянда дар пешгирии нашъамандӣ ва таблиғоти зиддинашъамандӣ фаъолу саҳмгузор бошанд.Мулоқоти кормандони Агентӣ бо сокинони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






