Пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ

Октябрь 1, 2012 13:52

Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Дирӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини гурўҳи кории коршиносони Шўрои тандурустӣ дар назди Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар мавзӯи «Оид ба ҳамгироии чорабиниҳо дар бобати назорат ва пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ» баргузор гардид.  Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин ҷаласа бо мақсади муайян намудани дурнамои рушди «Стратегияи пешгирӣ ва табобати бемориҳои ғайрисироятӣ дар минтақаи АвруОсиё» сурат гирифт. Дар он меҳмонон аз ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия даъват шудаанд. Ин ҷаласаи нахустини гурӯҳи корӣ буда, дар ҷамъомад мубодилаи афкори судманд дар бобати пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, кор бо ҷавонону наврасон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, кор бо кормандони васоити ахбори омма сурат гирифт. Хотиррасон бояд кард, ки масъалаи пешгирӣ ва табобати бемориҳои ғайрисироятӣ дар минтақа бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, мавриди муҳокима қарор мегирад. Дар оянда дар назар аст, ки Созишнома байни давлатҳои аъзои АвруОсиё оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи пешгирӣ ва табобати бемориҳои ғайрисироятӣ ба имзо расад, гуфт манбаъ.

Октябрь 1, 2012 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!