Пешгирии омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Имрӯз вохӯрии муовини сардори Раёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники адлия Алӣ Иброҳим Саидзода ва корманди ҳамин Раёсат Саъдулло Исматов бо кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва пешгирии он» баргузор гардид.Мақсади вохӯрӣ баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ, фаҳмондадиҳии моҳияти коррупсия, дарки зарару оқибатҳои ногувори он, зарурати мубориза бо коррупсия ва пешгирии он дар байни оммаи васеи аҳолӣ ва бо ҳамин восита ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин кори муҳим мебошад. Дар вохӯрӣ оид ба сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои қонунгузории зиддикоррупсионӣ, дар амал татбиқ намудани он, сабабу омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва роҳҳои пешгирии коррупсия, «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008- 2012» , мисолҳои мушаххас аз фаъолияти Агентӣ ва дигар паҳлуҳои муҳими масъалаи мазкур сухан рафт.«Ташкил ва баргузории курсҳои таълимии зиддикоррупсионӣ барои табақаҳои гуногуни аҳолӣ бо мақсади ташаккул додани руҳияи зиддикоррупсионии онҳо» яке аз талаботи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010- 2012», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010 тасдиқ шудааст, бермеояд.Дар вохӯрӣ бештар ба мушкилоти омӯзиши коррупсия, асосҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллии мубориза бо коррупсия, пешгирии омилҳои ба пайдоиш ва густариши коррупсия мусоидаткунанда, дарки зарари коррупсия ва зарурати муборизаи беамон бурдан бар зидди он, ташаккули руҳияи зиддикоррупсионӣ ва фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия диққати ҷиддӣ дода шуд. Иштирокчиёни вохӯрӣ ба саволҳои сершумори худ оид ба паҳлуҳои гуногуни мубориза бо коррупсия ва роҳҳои пешгирии он ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.








250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
6 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд






