Пешниҳоди маводи ғизоии Беларус
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – 22 ва 23 октябр Сафорати Беларус дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии маводи ғизоии Беларусро доир менамояд.Мувофиқи суханони манбаъ, дар ин маросим маводи ғизоии корхонаҳои асосии Беларус аз қабили маснуоти қаннодӣ, хӯроки бачагона, маҳсулоти ширӣ, равғани растанӣ, консерви гуногун ва молҳои мавриди зарурат пешниҳод мегарданд. Дар ҳошияи ин чорабинӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҷрибаи Беларус дар амри роҳандозии меъёрҳои сифати саноати хӯрокворӣ» баргузор мешавад. Дар маросими муаррифӣ роҳбарони Палатаи савдо ва саноати ҶТ, Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк», роҳбари ҳайати Беларус – муовини раиси шӯъбаи Палатаи савдо ва саноати Беларус Ю.В.Пчёлко иштирок менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






