Пешсафони Конибодом аз иҷрои нақша хабар доданд
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- Тибқи иттилои Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, имрӯз деҳқонони ноҳияи Конибодом нақшаи чиниши пахтаро иҷро карданд. Мувофиқи иттилои манбаъ онҳо ба хирман 14 ҳазору 156 тонна «тиллои сафед» рехтанд, ки 101,1 дар сади нақшаи муайяншударо ташкил медиҳад. Ба иттилои сарраёсат, аз аввали мавсим то имрӯз дар вилоят 89 ҳазору 337 тонна пахта ҷамъоварӣ шуда, иҷрои нақша ба 79,41% расидааст. Соли гузашта дар ҳамин рӯз пахтакорони вилоят 91 ҳазору 842 тонна пахта ҷамъ оварда буданд, ки 87,47 % -и нақшаи солонаро ташкил медиҳад». Дар айни ҳол 2 ноҳияи вилоят- Спитамен ва Конибодом нақшаи чиниши пахтаро иҷро намуданд. Пахтакорони ноҳияҳои Ашт (95,34 %) ва Ҷаббор Расулов (82,64 %) низ ба марра наздик мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






