Пиршавӣ дар асри XXI, пирӯзӣ ва даъват

Октябрь 12, 2012 15:37

Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар» Ибодат Давлатова)- «Пиршавӣ дар асри XXI, пирӯзӣ ва даъват» таҳти ин унвон маърӯзаи худро Хазинаи нуфузи Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА) якҷоя бо ташкилоти «Ҳэлп Эйҷ Интернэшнл» пешкаш намуда, имрӯз дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар баргузор кард.  Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, донорҳо, намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматии байналмилалӣ ва маҳаллӣ иштирок доштанд. СММ бо ташкилоти «Ҳэлп Эйҷ Интернэшнл» маърӯзаи худро пешкаши иштирокчиён намуд, ки дар он вазъи имрӯзаи ҳаёти пиронсолон ҳаматарафа таҳлил шуда, барномаю тадбирҳое, ки ҳукуматҳо ва тарафҳои дигари манфиатдор баъди Ассамблеяи дуюми умумиҷаҳонӣ дар бораи проблемаҳои пиршавӣ бо мақсади татбиқи «Нақшаи амалиёти байналмилалии Мадрид оид ба проблемаҳои пиршавии аҳолии ҷаҳон ва вокуниш нишон додан ба имкониятҳои ҳалли онҳо» андешидаанд, шарҳу тавзеҳ дода мешавад. Инчунин иштирокчиён зикр намуданд, ки фақат дар давоми 10 сол миқдори одамони солхӯрда дар тамоми ҷаҳон зиёда аз як миллиард нафарро ташкил хоҳад кард. Бояд гуфт, ки маърӯза натиҷаи ҳамкории зиёда аз бист шӯъбаи СММ ва ташкилотҳои калони байналмилалие ба шумор меравад, ки ба ҳалли масъалаҳои пиршавии аҳолӣ машғуланд.

Октябрь 12, 2012 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!