Прокуратура: «Сӯхтори «Корвон» барқасдона аст»
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Тавре ки огаҳӣ доред, 5 сентябри соли 2012 тахминан соати 18-00 дақиқа дар минтақаи савдои яклухти ҶДММ «Бозори Корвон» сӯхтор ба амал омада, масоҳати беш аз 8000 метри мураббаъро фаро гирифт. Дар натиҷа як нафар соҳибкор ба ҳалокат расида, чор тани дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд. Оид ба ин ҳолат аз ҷониби мақомоти прокуратура бо аломатҳои ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 192 қисми 3 (вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор), 322 қисми 2 (хунукназарӣ) ва 309 қисми 1 (тахрибкорӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.Зимни тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки сӯхтор дар бозори номбаршуда қасдан аз ҷониби шахсе, ки барои тафтишот номаълум аст, содир шуда, боиси вайрон шудани 2 550 нуқтаи савдо гардида, амволи соҳибкорон сӯхта, ба онҳо зарари калони моддӣ расонида шудааст. Ҳолати қасдан оташ задани бозори мазкур бо хулосаи экспертизаи сӯхторшиносӣ ва нишондоди шоҳидон тасдиқи худро ефтааст.Аз ҷумла, аз хулосаи мутахассисони соҳаи сӯхторхомӯшкунӣ бармеояд, ки сабаби сар задани сӯхтор қасдан оташ задан аз тарафи шахси номаълум бо истифода аз маводи нафтии намуди солярка мебошад.Сар задани сӯхтор аз расиши ноқилҳои барқӣ ё истифодаи таҷҳизоти барқӣ ва газӣ дар ҳолати мазкур истисно шудааст.Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои нохуши сӯхтор ва расонидани кӯмак ба ҷабрдидагон аз ҷониби Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ мӯҳлати бозпасгардонии маблағҳои қарзии 700 нафар соҳибкор тамдид карда шуд. Инчунин аз ҷониби ҶДММ “Бозори Корвон” миқдори 2550 адад нуқтаи савдо дар бозори номбаршуда азнав сохта, барои истифода ба соҳибкорон супурда шудааст.Дар айни ҳол тафтишоти пешакӣ аз рӯи парвандаи ҷиноятии мазкур идома дошта, баҳри муайян намудани шахсоне. ки ин ҷиноятро содир намудаанд ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ “Ховар” аз маркази иттилоотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






