Прокуратура: «Сӯхтори «Корвон» барқасдона аст»

Октябрь 10, 2012 17:25

Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Тавре ки огаҳӣ доред, 5 сентябри соли 2012 тахминан соати 18-00 дақиқа дар минтақаи савдои яклухти ҶДММ «Бозори Корвон» сӯхтор ба амал омада, масоҳати беш аз 8000 метри мураббаъро фаро гирифт. Дар натиҷа як нафар соҳибкор ба ҳалокат расида, чор тани дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд. Оид ба ин ҳолат аз ҷониби мақомоти прокуратура бо аломатҳои ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 192 қисми 3 (вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор), 322 қисми 2 (хунукназарӣ) ва 309 қисми 1 (тахрибкорӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.Зимни тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки сӯхтор дар бозори номбаршуда қасдан аз ҷониби шахсе, ки барои тафтишот номаълум аст, содир шуда, боиси вайрон шудани 2 550 нуқтаи савдо гардида, амволи соҳибкорон сӯхта, ба онҳо зарари калони моддӣ расонида шудааст. Ҳолати қасдан оташ задани бозори мазкур бо хулосаи экспертизаи сӯхторшиносӣ ва нишондоди шоҳидон тасдиқи худро ефтааст.Аз ҷумла, аз хулосаи мутахассисони соҳаи сӯхторхомӯшкунӣ бармеояд, ки сабаби сар задани сӯхтор қасдан оташ задан аз тарафи шахси номаълум бо истифода аз маводи нафтии намуди солярка мебошад.Сар задани сӯхтор аз расиши ноқилҳои барқӣ ё истифодаи таҷҳизоти барқӣ ва газӣ дар ҳолати мазкур истисно шудааст.Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои нохуши сӯхтор ва расонидани кӯмак ба ҷабрдидагон аз ҷониби Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ мӯҳлати бозпасгардонии маблағҳои қарзии 700 нафар соҳибкор тамдид карда шуд. Инчунин аз ҷониби ҶДММ “Бозори Корвон” миқдори 2550 адад нуқтаи савдо дар бозори номбаршуда азнав сохта, барои истифода ба соҳибкорон супурда шудааст.Дар айни ҳол тафтишоти пешакӣ аз рӯи парвандаи ҷиноятии мазкур идома дошта, баҳри муайян намудани шахсоне. ки ин ҷиноятро содир намудаанд ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ “Ховар” аз маркази иттилоотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Октябрь 10, 2012 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд