Рӯзи умумиҷаҳонии солимии равонӣ
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Бо ташаббуси Федератсияи умумиҷаҳонии солимии равонӣ аз соли 1992 инҷониб 10 октябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии солимии равонӣ қайд мешавад. Дар ҷумҳурии мо низ ҳамасола дар ин рӯз чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар кишвар дар бобати солимии равонӣ 29 ҳуҷҷати меъёрию ҳуқуқӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ қабул шудааст, ки дар онҳо дар бораи беморони равонӣ, ҳуқуқҳои волидайни онҳо, ҳуқуқи табиби равоншинос, ҳуқуқи ҳамшираҳои тиббие, ки дар муассисаҳои табобатӣ фаъолият доранд, маълумот дода шудааст. Бояд гуфт, ки дар кишвари мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи равонпизишкӣ амал мекунад, ки он соли 2002 қабул гардида, соли 2004 ба он тағйироту иловаҳо ворид шудааст. Феълан дар ҷумҳурӣ Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои руҳӣ, Маркази ҷумҳуриявии саломатии руҳии кӯдакону наврасон, беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои руҳӣ, беморхонаи вилоятии бемориҳои руҳӣ дар вилояти Суғд, Маркази байниноҳиявии психоневрологии шаҳри Турсунзода, 17 дармонгоҳ, 65 ҳуҷраи психиатрӣ барои табобат ва пешгирии беморони равонӣ фаъолият доранд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






