Р.Гайнутдин: «Мо фақат муфтиёти Тоҷикистонро эътироф мекунем»

Октябрь 16, 2012 15:07

Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Муфтии мусулмонони Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдуқодирзода ва роҳбари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Асрор Одинаев дар шаҳри Маскав бо муфтии мусулмонони Русия Равил Гайнутдин мулоқот намуданд. Дар ҷараёни мулоқот муфтии Русия Равил Гайнутдин меҳмононро хайра мақдам гуфта ва ба онҳо барои иштирокашон дар қисми хотимавии Озмуни 13 – уми байналмилалии қориёни Қуръон изҳори ташаккур намуд. Муфтии Русия мақоми тоҷикистониёнро дар ҳаёти диндорони Русия ба таври мусбат арзёбӣ карда, зикр намуд, ки тоҷикон яке аз пайравони бофарҳангтарини муассисаҳои динӣ маҳсуб меёбанд.Ҷонибҳо ҳамчунин масоили рушди ҳамкории байни муассисаҳои динии Русия ва Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Октябрь 16, 2012 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд