Р.Назаров дар мавриди мавқеи Ҳукумати ҶТ
Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Директори Агентии назорати маводи мухаддири Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров зимни суханрониаш дар ҷаласаи ҳайати мушовараи ВКД Федератсияи Русия ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, зикр намуд, ки ҳамкории судманди минтақавии байни Тоҷикистону Русия метавонад омили муҳими ташаккули мушорикати ҷаҳонӣ дар амри муборизаи зидди хавфу хатари маводи мухаддир гардад. Директори Агентӣ мавқеи ҳукумати кишварро, ки мақсад аз он ҳалли проблемаҳои минтақавӣ мебошад, иброз дошта, зарурати густариши минбаъдаи ҳамкории самарабахши байни сохторҳои зидди маводи мухаддири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро таъкид сохт. Рустам Назаров ҳамчунин таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба ибтикороти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, аз вазъи маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ хабар дод. Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи мухаддир ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






