Р. Раҳимов ду нафарро аз мақомот озод кард
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов дар раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо ҳайати шахсӣ ҷаласа доир намуд. Дар ҷаласа вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти корӣ ва риояи интизоми хизматӣ сухан гуфта, бинобар сабаби робита доштан бо гуруҳҳои ҷиноятӣ ду нафар кормандони ШВКД дар ноҳияи Мурғоб- ваколатдори фаврии шуъбачаи кофтукови ҷиноӣ, Асалбек Боронбоев ва сарваколатдори шуъбачаи кофтукови ҷиноӣ Маҳкам Лашкаровро аз мақомоти корҳои дохилӣ озод кард. Инчунин вобаста ба натиҷаҳои пасти фаъолияти хизматӣ ва беэътиноӣ нисбат ба масъулияти ба зиммадошта, 7 нафар корманди ШВКД дар шаҳри Хоруғ аз вазифа озод ва нисбат ба 5 нафари дигар танбеҳ эълон шуд.Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






