Рақобат дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ пуршиддат мегардад
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). -Имрӯз дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Б. Қурбонов, А. Маҳмадалиев, узви кумита Р. Латипов, узви Кумитаи масъалаҳои аграрӣ ва экология А. Қаҳҳоров, мушовири калони кумитаи мазкур ва коршиноси Бонки Умумиҷаҳонӣ Томас Очакоса бо кормандони Хадамоти муҳоҷират доир гардид. Зимни мулоқот сардори Хадамоти муҳоҷират Сафиалло Девонаев доир ба самтҳои асосии фаъолияти Хадамот, мушкилоти дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ҷойдошта ибрози андеша намуда, гуфт:«Имрӯз рақобат дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ пуршиддат мегардад ва мавқеи муҳоҷирони меҳнатии моро шаҳрвандони дигар кишварҳо ишғол менамоянд. Дар шароити баамаломада моро мебояд бо назардошти вазъи бозори кишварҳои қабулкунанда мутахассисони худро аз ҷиҳати забондонӣ ва касбу ҳунар омода карда, сипас сафарбар намоем».«Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти яксолаи худ бо Ҷумҳурии Беларус Созишномаи байниҳукуматӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатиро таҳия ва ба имзо расонид.Ҳамчунин бо Кореяи Ҷанубӣ ва Давлати Қатар лоиҳаи созишномаҳои ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатиро таҳия ва барои ба имзо расонидан тавассути роҳҳои дипломатӣ ирсол намуда, қарор аст дар моҳҳои наздик ба имзо расанд».Дар хотима байни кормандони Хадамоти муҳоҷират ва намояндагони Парлумон доир ба муҳоҷират, эътибор ва симои муҳоҷирон, одобу русум, фарҳанги муҳоҷират, касб ва забономӯзӣ пеш аз сафар ба хориҷа сӯҳбати хотирмон анҷом пазируфт.Мулоқот дар фазои дӯстона судманд сурат гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






