Раиси «Тоҷиксодиротбонк» мукофот гирифт
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Бо қарори Шӯрои роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати давлатҳои аъзои ИДМ раиси Раёсати Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк», ҳамраиси Шӯрои ҳамкории тиҷоратии Беларус ва Тоҷикистон Тоҷиддин Пиров барои саҳми калонаш ба рушду дастгирии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони ҷашнӣ мукофотонида шуд.Мукофотро муовини раиси палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лариса Кислякова супурд. Хотирнишон месозем, ки Тоҷиддин Пиров аз соли 1997 то соли 2003 намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Беларус ва раиси Шӯрои директорони «Тоҷиксодиротбонк» буд. Имрӯз «Тоҷиксодиротбонк» яке аз бонкҳои калонтарини Тоҷикистон ба шумор рафта, беш аз 20 фоизи сармояи низоми бонкии Тоҷикистон ба он рост меояд. Алҳол бонки мазкур беш аз 20 ҳазор нафар муштарӣ дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






