Ривоятҳо дар бораи пайдоиш ва сохтмони Қалъаи Ҳисор

Октябрь 18, 2012 14:15

Ба истиқболи  3 ҳазорсолагии Ҳисор
 

Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Қалъаи Ҳисор ёдгории бузургест аз таърихи талху ширини даврони гузашта. Ин мавзеъ ёдгорест аз шаҳрҳои бузург, нишонаест аз даврони бостон. Шоҳиди безабонест аз ҷангу хунрезиҳо, пораест аз таърихи гузаштаи халқи тоҷик.Дар бораи пайдоиш ва сохтмони Қалъаи Ҳисор нақлу ривоятҳои гуногун мавҷуд аст. Баъзеҳо сохтмони қалъаро аз зӯри қувваи одамӣ берун дониста, ба давраи ривояти «Таҳмураси девбанд», ки дар «Шоҳнома» дарҷ ёфтааст, вобаста медонанд. Дар ин бора шодравон Собир Зикирзода дар китоби «Қальаи Ҳисор» чунин менависад: «Таҳмураси Девбанд» писари Ҳушангшоҳ набераи Сиёмак ва абераи нахустподшоҳи Эронзамин Каюмарс буд. Ҳушангшоҳи ихтироъкору зирак усули истеҳсоли оҳану оҳангудозиро ёд гирифта, худаш баробари подшоҳӣ оҳангарӣ мекард… Писари ӯ Таҳмурас аввалан илми афсуни девҳоро омӯхта, дар зиндагӣ савганд хӯрд, ки «зи ҳар ҷой кӯтоҳ кунам дасти дев».Замоне гурзи гароне ба гардан овехта, ба майдони набард даромад. Бисёр паҳлавонони девафканe даррандагони ҷангӣ ҳампаҳлӯяш буданд. Вай як гурӯҳи девонро ба афсун барбаста? гурeҳи дигарро бо гурзи гарон зада, маҳв сохт.Девҳои бандӣ ғуломи ҳалқабаргӯши Таҳмурас мешаванд. Рӯзе Таҳмурас бо ҳамроҳии ҳазор дев ба сафар мебарояд. Баъди гузаштани мавзеи зиёд ба ҷои ҳозираи Қальаи Ҳисор меояд. Табиати зебои ин ҷо ба Таҳмурас маъқул меафтад ва ба сохтмони Қальа фармон медиҳад.«Пас девон ба сохтани Қальа камар бастанд. Онҳо ба дастаҳо тақсим шуданд. Як даста санг мекашонду дастаи дуюм лой мешӯрид, дастаи сеюм чим мебуриду чоруми чӯб мебурид.Бо ҳашари калон лашкариён ва мардуми таҳҷойӣ шарик шуданд. Ҳашарчиён шабу рӯз меҳнат мекарданд. Онҳо чандин моҳу сол заҳмат кашиданд ва бо машаққат масолеҳ меоварданд. Сипас Қальаро сохта? ба ихтиёри подшоҳашон вогузоштанд.Мегӯянд, ки Таҳмурас дар он ҷо сӣ сол подшоҳӣ кард. Дар аҳди ӯ дар сарзамини Ҳамоварон (Ҳисори ҳозира) адлу адолат, инсофу ҳақиқат тантана дошт».Устод Собир Зикирзода дар ҷои дигар менависад. «Қальаи Ҳисор» ривояту қисса ва сарнавишти талху ширини бисёр дорад. Ин қальа дар сари Роҳи Абрешим асрҳои аср чун қальаи дӯстӣ дар равобити байни қавмҳои мамолики мухталиф хидмат карда, то кунун таваҷҷуҳи оламро ба худ мекашад.Тибқи ривоятҳо то истилои араб ҳокими қальа Қаҳқаҳаи Ҷоду буд. Вай илми сеҳру ҷодуро медонист ва на танҳо бо лашкариёнаш, балки бо қувваи сеҳру ҷоду мардумро тарсонда гирифта буд. Мамлакат харобазор шуда буд. Дар асри VII ҳазрати Алӣ ин ҷо омада, Қаҳқаҳи ҷодуро нест мекунад ва Қальаро озод менамояд».

Октябрь 18, 2012 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд