Роҳҳои Кўлоб таҷдид мегарданд
Душанбе, 30 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ояндаи наздик беш аз 40 км роҳҳои 22 кўчаву маҳаллаҳои шаҳри Кўлоб таҷдид мегарданд. Таъмиру таҷдиди роҳҳои шаҳри бостонии Кўлоб дар ҳамоҳангии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин тибқи як лоиҳа таҳия гардида, сурат мегирад, ки барои анҷоми он 7 миллион доллари амрикоӣ ҷудо шудааст. Алҳол мутахассисони Пажуҳишгоҳи лоиҳакашӣ-таҳқиқотии роҳи сеюми оҳани ҷамъияти саҳомии «Групп»-и Чин дар Кӯлоб таҳқиқи роҳҳоро анҷом медиҳанд. Озодӣ Ҳасанов, муовини раиси шаҳри Кӯлоб мегўяд, ки ҳамасола аз буҷаи маҳаллӣ барои таъмири ҷорӣ ва пурраи роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Кӯлоб маблағ ҷудо мешавад, аммо барои таъмири пурра ва навсозии роҳҳо ин маблағ кофӣ нест. Бояд тазаккур дод, ки дар шаҳри Кўлоб 51 км роҳи мошингард мавҷуд аст, ки бештари он ба таъмир ниёз дорад. Ҷониби Чин дар мавриди татбиқи лоиҳа тасмим гирифтааст, ки барои корҳои лоиҳакашӣ мутахассиони чиноӣ ва барои корҳои сохтмонӣ ва таҷдиди роҳҳо аз нерўи коргарони маҳаллӣ истифода хоҳад кард. Тибқи лоиҳаи мазкур роҳҳои таҷдидшаванда аз лиҳози фарохӣ, равшанӣ, обпартоҳои бари роҳ ва роҳравҳо аз роҳҳои қаблӣ ба кулли тафовут хоҳад дошт.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






