Роҳе, ки мавқеи геополитикию геостротегии Тоҷикистонро баланд мебардорад

Октябрь 10, 2012 14:52

Душанбе, 10 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Созишномаи қарзии имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҷдиди қисмати сеюми марҳилаи аввали роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма, қитъаи Душанбе-Данғараро 10 октябр Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расонд. Зимни шарҳи масъалаи мазкур Руҳуллоҳ Ҳакимов, муовини вазири молияи кишвар гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои иқтисодиёт корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст. Яке аз онҳо сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгарди кишвар ва пулу нақбҳо мебошад, ки ин дар навбати худ барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишварамон мусоидат менамояд. Барои татбиқи ин лоиҳа 53, 2 миллион доллари амрикоӣ ҷалб шудааст, ки аз ин 50, 5 миллион доллар қарзи имтиёзнок буда, 2,7 миллион доллари он саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар доираи татбиқи қисмати сеюми лоиҳаи мазкур васеътар кардани сохтмон ва барқароркунии роҳи Душанбе –Данғара бо назардошти роҳҳои дохилии шаҳр бунёди як адад купрўк ба дарозии 35 километр ва қубурҳои обпартои зери роҳ ба дарозии 6 километр ба нақша гирифта шудааст. Қарзи ҷалбшаванда имтиёзнокии баланд дошта, муҳлати қарз 20 сол, давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ 9 сол, меъёри фоизаш 2 % -и солона аст. Руҳуллоҳ Ҳакимов афзуд, ки таҷдиди ин қитъаи роҳ имкон медиҳад, ки масофаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Кўлоб-Хоруғ –Мурғоб — Қулма нисбат ба роҳи автомобилгарди Душанбе –Қўрғонтеппа — Данғара бо назардошти нақби Шаршар 83 километр кутоҳ ва аз ҳисоби ба истифода додани нақби Чормағзак боз 10 километр наздик мегардад. Бо таҷдиди роҳи мазкур дар кишвар ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, корхонаҳои нав, бахусус нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ, меҳмонхонаҳо, иншооти соҳаи туризм ва дигар марказҳои савдо сохта шуда, мавриди истифода қарор мегиранд. Ҳамзамон навсозии роҳи мазкур боиси рушди деҳот ва шаҳрҳои саноатӣ гардида, ба болоравии сатҳи зиндагии мардум ва рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд. Татбиқи марҳилаи аввали лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе –Қулма» дар қитъаи Душанбе – Данғара ба се қисмат ҷудо карда шуда, дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар ду қисмат босуръат идома дорад. Дар татбиқи лоиҳаи мазкур 270 таҷҳизот, механизму техника ва беш аз 700 нафар мутахассису роҳсоз сафарбар шудааст, ки аз он 321 нафараш шаҳрванди кишварамон мебошад. Истифодабарандаи ниҳоии ин қарз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ буда, дар доираи ин Созишнома пудратчӣ ва коргарони хориҷӣ аз супоридани андоз озод мебошанд. Шодӣ Шабдолов-роҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон зимни баррасии санади мазкур гуфт, ки сохтмони ин роҳ танҳо маънои ба кор даровардани захираҳои табиии Тоҷикистонро надошта, он мавқеи геостратегӣ ва геополитикии Тоҷикистонро дар минтақа баланд мебардорад, зеро Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамҷавор — Чину Афғонистон ва Покистон ҳамкориҳои худро тавсеа бахшида, барои дохил шудан ба бозорҳои кишварҳои минтақа кутоҳтарин роҳ мешавад. Инчунин имконияти сохтмони роҳи оҳан дар ин самт пайдо мегардад. Ва мо аз бунбасти коммуникатсионӣ мебароем, афзуд Шодӣ Шабдолов, сарвари коммунистони кишвар.13.17.

Октябрь 10, 2012 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд