Роҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан баста мешавад
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- 27-уми октябри соли равон бо сабаби баргузории чорабиниҳо бахшида ба кушоиши нақби «Шаҳристон» ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд муваққатан қатъ мешавад. Тавре ки аз ҳукумати вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, 27-уми октябри соли равон, аз соати 5-00 то 16-00 ҳаракати ҳамаи намудҳои нақлиёт тавассути роҳи мошингарди ағбаи Шаҳристон ба самти Душанбе-Хуҷанд ва Хуҷанд-Душанбе мувақатан манъ мешавад. Ёдовар мешавем, ки дар ифтитоҳи нақби «Шаҳристон» Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ширкат меварзад. Дар назар аст, ки баъди ба истифода додани нақби мазкур Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанди вилояти Суғд сафар кунад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






