Робитаҳои тиҷоратӣ бо минтақа вусъат меёбад
Шаҳристон, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ, Афшини Муқим) — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар маросими ифтитоҳи нақби 5 ҳазору 253 метраи «Шаҳристон», ки ҷанубу шимоли кишварро ба ҳам мепайвандад, зикр кард, ки мавриди истифода қарор гирифтани ин нақб, на танҳо аҳамияти коммуникатсионӣ дорад, балки дар раванди таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории тоҷикон мақоми арзандаи худро ишғол хоҳад кард. Кушодашавии ин нақб беш аз ҳама дар мӯътадил нигоҳ доштани бозори дохилӣ ва ҳамлу нақли осону камхарҷи молу маҳсулот нақши муҳим мебозад. Сафар Қурбонов, як сокини 40-солаи вилояти Суғд, ки ба тиҷорат машғул аст, ифтитоҳи « Шаҳристон»-ро беҳтарин тӯҳфаи Сарвари давлат ба мардум дониста, гуфт: «Худатон тасаввур кунед, ки агар мо пештар ҳангоми бурдани мол ба Душанбе дар роҳ як- ду рӯзи худро сарф карда, сӯзишвории зиёд харҷ менамудему аз ин нархи маҳсулот боло мерафт, акнун ҳам роҳамон кӯтоҳ шуду ҳам бехатар ва боз сӯзишвории камтар сарф мешавад, ки ин дар поён рафтани нархи маҳсулот дар бозорҳои дохилӣ мусоидат мекунад» Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки минбаъд иртиботи тиҷоратии Тоҷикистон аз тариқи ин шоҳроҳи бузург бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, Чину Афғонистон ва Эрону Покистон вусъати нав пайдо намуда, дар самти пайвастан ба роҳҳои тиҷорати обии қитъаи Осиё имкониятҳои иловагӣ ба миён меоянд.Бояд гуфт, ки сохтмони нақби мошингарди «Шаҳристон» тӯли шаш сол ва бо харҷи 430 миллион сомонӣ сохта шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






