Ронандагии хурдсолон — боиси нохушӣ
Душанбе, 2 октябр.(АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзод). -Ронандаи мошини тамғаи «lanos», сокини деҳаи Тошмунори ноҳияи Панҷакент, хонандаи синфи 9-и мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ Акбар Эсанов ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Панҷакент-Айнӣ дар ҳудуди деҳаи Шурноваи поёни ноҳияи Панҷакент аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ чаппа шудааст. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, дар натиҷа худи ронандаи ноболиғ А. Эсанов ва мусофирони ноболиғи ӯ Ғайрат Азимов, Азимбек Маҳмирзоев, Ғайрат Рашидов ва Ҳусейн Саидови 15-сола, сокинони деҳаи Тошмунор бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гаштаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






