Ронандаи 13- сола зани 72- соларо ба ҳалокат расонд.
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). –26 октябри соли равон соати 17.30 ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи ноболиғ Муҳаммадалӣ Раҳимови 13- сола, бе шаҳодатномаи ронандагӣ, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Ҷаббор Расулов пиёдагард Сифаторо Хосабековаи 72- соларо зер мекунад, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Худи ҳамон рӯз соати 08.30 дар ноҳияи Данғара ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра» Музаффар Сафарови 43- сола ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Данғара дар километри 62-юми роҳ беҳатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, мошинро ба чуқурии 122 метр чаппа мекунад, ки дар натиҷа худи ронанда ва ду нафар мусофири ӯ бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхона равон карда мешаванд, ки дар он ҷо як нафар мусофир ба ҳалокат мерасад.Ҳамчунин 21 октябри соли равон соати 09.00 дар ноҳияи Файзобод ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра» Каримзода Муҳаммади 21- сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», ронандааш Раҳматулло Сангови 24- сола бармехӯрад, ки дар натиҷа худи ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра» дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад ва мусофири дохили мошини тамғаи «Мерседес-Бенс» Меҳриддин Каримови 20- сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегардад. Дар ин бора аз шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии Давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов иттилоъ дод.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






