Рушди футбол дар Муъминобод
Муъминобод, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Муъминобод дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи маориф бахшида ба 40 — солагии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12 ва 20- солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия мусобиқаи футбол доир шуд. Дар мусобиқа 14 даста ширкат варзида, ғолибон бо Ҷоми 40- солагии мактаб ва аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сарпарастон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Мақсади мусобиқа- оммавӣ гардонидани варзиш ва дарёфти беҳтарин футболбозони наврас мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






