Рушди соҳаи нақлиёти Тоҷикистон
Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар ҷараёни мулоқоти муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Лариса Кислякова бо ноиби аввали президенти Ассосиатсияи «ААВТ» Б.Эшонов масъалаҳои рушди соҳаи нақлиёти Тоҷикистон дар партави ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ворид шудани ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Тавре ки аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот масоили ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ворид шудани Тоҷикистон, рушди хидматрасонии нақлиётӣ баъди воридшавӣ ба созмони мазкур, масъалаҳои соҳаи нақлиёт ва ғайра баррасӣ шуданд.Лариса Кислякова аз вазъи воридшавӣ ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ва мақсаду вазифаҳои Тоҷикистон дар ин амр хабар дода, перомуни афзалияту оқибатҳое, ки баъди воридшавӣ ба созмони мазкур дар бахши инфиродӣ ба миён меоянд, нақл кард. То имрӯз Ассосиатсияи «АВВАТ» 24 аъзо, дорад, ки аз 5 то 40 мошини боркаш дошта ва 51 фоизи ҳамаи боркашонӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби онҳо сурат мегирад. Алҳол дар Тоҷикистон ширкатҳои нақлиётии Чин, Туркия ва Эрон фаъолият доранд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






