Русия ва Тоҷикистон дар манзари ҳамгироии АвруОсиё
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар»). – 3 октябр дар шаҳри Маскав мизи мудаввар дар мавзӯи «Русия ва Тоҷикистон дар манзари ҳамгироии АвруОсиё» баргузор мегардад.Ин чорабинӣ ба муносибати сафари Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон (4 – 5 октябр) роҳандозӣ мешавад. Сухан дар бораи имконияти сармоягузориҳои ҳаҷман калон ба манзури рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, лоиҳаҳои рушди муштараки Русия ва Тоҷикистон, дурнамоҳои ташкили Корпоратсияи рушди Осиёи Марказӣ, ба Иттиҳоди гумрукӣ ва сипас ба Иттиҳоди АвруОсиё ворид шудани Тоҷикистон меравад. Ғайр аз ин, масоили муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон ба Русия, қочоқи маводи мухаддири Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон, ҳамчунин масъалаҳои амнияти минтақа марбут ба ташкили пойгоҳҳои низомӣ дар Афғонистон ва дар минтақа баъди аз ин кишвар баровардани қисми асосии қӯшунҳои Амрико ва низомиёни НАТО мавриди муҳокима қарор мегиранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






