Рустам Назаров мукофот гирифт

Октябрь 29, 2012 15:42

Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Бо фармони Муншии умумии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) Н.Бордюжа директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров барои саҳми назаррасаш ба таҳкими амнияти дастаҷамъии давлатҳои аъзои СААД ва ташкили Машқҳои таъҷилию тактикии ҷузъу томи қувваҳои таъиноти махсуси СААД бо нишони «20 — солагии Шартномаи амнияти дастаҷамӣ» мукофотонида шуд. Тавре ки дафтари матбуоти СААД хабар медиҳад, 14 сентябри соли 2012 дар машқгоҳи асосии СААД воқеъ дар вилояти Маскав аввалин Машқи таҷилию тактикии байналмилалии ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ гузаронида шуд, ки дар он гурӯҳи махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон иштирок дошт. Нишон ба директори Агентии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров дар ҷаласаи Х11 Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СААД супурда шуд.

Октябрь 29, 2012 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш