Сабаби болоравии қурби асъор дар Душанбе

Октябрь 22, 2012 16:05

Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).-Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе аз ҳафтаи гузашта қурби миёнаи доллари ИМА баланд гардидааст. Мувофиқи иттилои манбаъ дар нуқтаҳои фурӯши пойтахт 1 доллари ИМА бо арзиши 4,83 сомонӣ харида шуда, бо нархи 4,84 дирам фурӯхта мешавад. Дар ин давра қурбҳои миёна аз рӯи дараҷа бо рубли русӣ ва евро баланд шуда, мувофиқан ҳазор рубли русӣ ба 153 сомонӣ харида мешавад. Ёдовар мешавем, ки ҳазор рубли русӣ дар фурӯш ба 154 сомонӣ баробар буда, дар маркази кишвар 1 евро ба ивази 6,20 сомонӣ харид ва бо нархи 6,23 сомонӣ фурӯхта мешавад. Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон сабаби ҷаҳиши асъор дар кишвар афзоиши воридоту содироти корхонаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ мебошад.

Октябрь 22, 2012 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд