Сафир ба Амири давлати Кувайт Эътимоднома супорид
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – 2 октябри соли 2012 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт (бо қароргоҳ дар Исломобод) Зубайдулло Зубайдов ба Амири давлати Кувайт Сабоҳ Ал Аҳмад Ал Ҷобир Ас Сабоҳ эътимоднома супорид.Баъд аз маросими супоридани эътимоднома Амири давлати Кувайт бо сафири Тоҷикистон сӯҳбат орост. Зимни сӯҳбат масъалаҳои инкишофи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Амир зикр кард, ки ҷониби Кувайт ба густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон манфиатдор аст. Амир ба вазирон ва аъзои Девони Амирӣ, ки дар маросими супоридани эътимоднома ширкат доштанд, оид ба фаъол намудани корҳо дар самти тақвияти муносибатҳо бо Тоҷикистон супоришҳо дод. Сафир дар навбати худ манфиатдории Тоҷикистонро ба вусъати муносибатҳои дуҷониба бо давлати Кувайт таъкид кард.Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






