«Сарнавишт ба ту вобаста аст»
Зафаробод, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).- Дар ноҳияи Зафаробод даври якуми озмун барои кормандони шӯъбаи сабти ҳолати шаҳрвандӣ таҳти унвони «Сарнавишт ба ту вобаста аст» доир шуд. Дар озмун коргузорони ҷамоату шаҳракҳои «Меҳнатобод», «Равшан» ва ба номи Ҳамид Алиеву Ҷомии ноҳия ширкат варзиданд. Иштирокдорони озмун- коргузорони чор ҷамоати шаҳрак Заррина Ҳасанова, Мунаввара Додоева, Муҳиддин Сайфуддинзода ва Маҷидулло Норов мавзӯъҳои интихобии худро доир ба сабти ҳолати шаҳрвандӣ муаррифӣ намуданд. Дар бахшҳои дигар — озмуни ҳуқуқӣ, андешаҳо перомуни саҳнаҳои ҳаётӣ ва саволу ҷавоб иштирокдорон донишҳои ҳуқуқии хешро оид ба санаду меъёрҳои амалкунанда, муносибату муошират бо шаҳрванд ва усулҳои коргузориро нишон доданд. Ҳадаф аз баргузории чорабиние, ки аз ҷониби Вазорати адлияи ҷумҳурӣ эълон гардидааст, такмили фаъолияти шӯъбаҳои сабти ҳолати шаҳрвандист.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






