Сарзанишҳо гар кунад хори мағелон, ғам махӯр
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Ду зоири пиёдаи тоҷик , ки ҳанӯз аз моҳи майи соли ҷорӣ бо ҳадафи зиёрати хонаи Худо азми сафар намуда буданд, имрӯз 19 моҳи октябр ба Мадинаи мунаввара расиданд. Дар шаҳри Мадина эшонро намояндаҳои ситоди ҳаҷи Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаҳои расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла телевизиони шаҳри Мадина ва дигарон пешвоз гирифтанд. Бояд зикр намуд, ки дар охири моҳи майи соли ҷорӣ 8 нафар сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон бо ҳадафи зиёрати хонаи Худо озими сафар шуданд.. Онҳо пои пиёда қаламрави Афғонистону Эронро гузашта, дар марзҳои Афғонистону Эрон бо сабабҳои гуногун ду нафари онҳо аз роҳ бозгаштанд .Чор нафари дигар аз Эрон аз тариқи ҳавопаймо ба Арабистони Саудӣ парвоз карданд. Танҳо Абдулазиз Раҷабов, роҳбалади ин гуруҳ ва як ҳамроҳаш роҳи худро давом дода, дар марзи Аморати Муттаҳидаи Араб ба мушкилиҳо дучор омаданд.Пас аз дахолат ва кӯмаки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон онҳо тавонистанд ба кишвари Саудӣ бирасанд. Ҳоло онҳо ба шаҳри Макка омада, маносики ҳаҷро адо менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






