Сатҳи таваррум муътадил аст
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Мувофиқи маълумоти расмӣ сатҳи таваррум дар ҳашт моҳи соли равон чун моҳҳои пешин муътадил буда, 4,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 банди фоизӣ кам мебошад. Аз рӯи иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, сатҳи таваррум дар моҳи август 1,3 фоиз ва дар 12 моҳи охир ба 5 фоиз баробар шуд. Таҳлилҳои охири мутахассисон собит намуданд, ки нишондиҳандаҳои боло асосан аз ҳисоби болоравии нархҳои хизматрасонии пулакӣ, маҳсулоти озуқаворӣ ва ғайриозуқавӣ ба даст омадаанд. Меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон, ки яке аз фишангҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ба шумор меравад, 15 августи соли равон 6,5 фоиз муқаррар карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






