Семинар бахшида ба бемориҳои сирояткунандаи ҳайвонот

Октябрь 29, 2012 16:41

Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Бемории сирояткунандаи ҳайвонот (брутселлёз)- ин бемории сироятии байни чорвою инсон аст, ки пешгирии он ҳадафи асосии давлату ҳукумат мебошад. Бо ин мақсад дар ҷамоати шаҳраки Оби Гарм оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сироятии чорвою инсон семинар баргузор гардид. Дар он намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони шуъбаи кишоварзии шаҳр, мутахассисони идораи байторӣ, эпизоотологии шуъбаи озуқа ва кишоварзии Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида Кароматулло Ҳамроев ва сардори шуъбаи зиддиэпизоотии Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Резвонов иштирок доштанд.Дар семинар моҳияти «Барномаи мақсадноки давлатии зиддиэпизоотӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мақсад аз баргузории семинар-пешгирии бемории сироятии ҳайвон ба инсон дар байни аҳолии шаҳр мебошад. Тавре ки дар семинар зикр шуд ин бемории сироятиест, ки аз чорво ба инсон мегузарад. Барангезандаи он микробҳо мебошанд, ки аз сабаби риоя накардани қоидаҳои эпидемиологию байторӣ ба одамон гузашта, ба бемориҳои буғумдард, безурётӣ ва дигар бемориҳои хатарнок оварда мерасонанд. Дар шаҳри Роғун низ гирифторони ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Осиямоҳ Давлатова, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Роғун иттилоъ дод.

Октябрь 29, 2012 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад