Семинари хадамоти матбуоти мақомоти давлатӣ
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар шаҳри Душанбе семинар аз рӯи масъалаи ҳамкории хадамоти матбуоти мақомоти давлатӣ бо васоити ахбори омма баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ беш аз 30 нафар роҳбарон ва кормандони хадамоти матбуоти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд. Мақсад аз доир намудани семинар афзун намудани малакаҳои ҳамкории судманди хадамоти матбуоти мақомоти давлатӣ ва васоити ахбори омма, ҳамчунин беҳдошти дастрасии васоити ахбори омма ба манбаъҳои иттилооти расмӣ буд. Семинарро Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон якҷоя бо Ассотсиатсияи миллии васоити мустақили ахбори оммаи Тоҷикистон доир намуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






