Шӯрои ВАО дар Бадахшон

Октябрь 5, 2012 15:42

Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ)- Имрӯз мулоқоти навбатии Шӯрои ВАО-и ҶТ дар маркази маъмурии ВМКБ баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ Ховар аз дастгоҳи иҷроияи Шўрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Тибқи иттилои расида дар чорабинӣ дабири кулли Шурои ВАО Хилватшоҳи Маҳмуд ва аъзои Шӯро Қурбон Аламшоев ва Мухтор Боқизода ширкат доштанд. Дар аввал аъзои Шӯро ва иштирокчиёни семинарро намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии вилоят Сабоҳат Донаёрова, сармутахассиси бахши иттилооти дастгоҳи иҷроияи раиси ҳукумати вилоят ба ҳузур пазируфта баъдан дар бораи ҳадафи ин семинар сухан кард. Маврид ба зикр аст, ки дар ин нишаст ҳудуди беш аз 35 нафар аз ҷумла, донишҷӯён устодон, кормандони мақомоти ҳокимияти маҳаллии вилоят, шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон ширкат ва суханронӣ доштанд. Зимни нишаст дар мавриди «Меъёрҳои ахлоқии журналистӣ ва фаъолияти касбии журналистӣ» ва дар атрофии масоили ба он вобаста суҳбати судманд сурат гирифт, ки дар он иштирокчиён назари худро иброз доштанд. Дар нишаст изҳори нигаронӣ карда шуд, ки дар бархе аз матбуоти даврии марказии ҶТ, ба арзишҳои динӣ ва мазҳабӣ арҷ гузошта намешавад ё ки бе эҳтиромӣ зоҳир мешавад, ки ин хилофи моддаи 5 ва 9 «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мебошад. Иштирокчиён аз Шӯрои ВАО-и ҶТ даъват карданд, ки дар ҳалли ин масоил бетараф набошанд ва ба ин мушкилот расидагӣ кунанд. Ёдрас мекунем, ки ин чорабинӣ дар идораи ҳукумати шаҳри Хоруғ сурат пазируфта, дидору мулоқоти аъзои Шӯрои ВАО аз ВМКБ идома дорад.

Октябрь 5, 2012 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!