Ш. Зуҳуров: «Бояд ҳушёрона фаъолият намоем»
Душанбе, 2 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ҳар яки шумо дар алоҳидагӣ шахсият ҳастед ва аз ҷониби мардум интихоб шудаед ва дар мавриди таҳия ва қабули қонунҳое, ки ба дарди мардум мерасанд ва барои пешрафти иқтисодиёти миллии кишвар мусоидат менамоянд, аҳамияти ҷиддӣ дода, саъй намоед». Ин нуктаро Шукурҷон Зуҳуров-раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат зимни ифтитоҳи ҷаласаи якуми иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ даъвати чорум дар назди вакилон баён кард. Мавсуф зикр кард, ки давлати мо нияти шомил шудан ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат, Иттиҳоди гумрукӣ, Иттиҳоди АвруОсиёро дорад, зеро давлатҳо маҳз дар асоси ҳамкорию ҳамгироӣ рушд меёбанд. Ва барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои созанда бояд қонунҳои ҳар як давлатро ба қонунҳои байналмилалӣ ва санадҳое, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ пешниҳод мегарданд, бо назардошти омўзиши аҳамият ва пешомадҳои он мутобиқ гардонид. Дар шароити кунунии ҷаҳонишавии ҷомеаи башарӣ ва таҳаввулоте, ки дар ҷаҳони имрўза ба вуқўъ мепайванданд, мо вакилони парлумон, ки намояндаи мардум ҳастем, бояд ҳушёрона фаъолият намоем, таъкид кард Шукурҷон Зуҳуров. Дар асоси нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ қонунҳое таҳия ва қабул намоем, ки барои беҳбуди вазъи иҷтимоии ҷомеа, устувории пояҳои давлатдорӣ, таҳкими волоияти қонун ва амният дар кишвар равона гарданд. «Шумо ба қарибӣ аз мулоқот бо интихобкунандагон аз минтақаҳои гуногуни кишвар баргаштед» гуфт ба вакилон Раиси парлумон. Ва дидед, ки дар минтақаҳо чӣ вазъияту шароит аст. Дар бархе аз ҷамоату ноҳияҳои кишвар роҳбарон бо низоми куҳна кор карда истодаанд ва пешравӣ дида намешавад. Дар иддае аз ноҳияҳо заминро озод истифода карда наметавонанд, вазъи бозорро намеомўзанд. Дар бархе аз минтақаҳо ҳатто маҷбур мекунанд, ки фалон навъи маҳсулоти кишоварзиро кишт кардан даркор аст. Вақте деҳқон кишт менамояд на маблағашро пайдо мекунаду на харидорашро, афзуд раиси палатаи поёнии парлумон. Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки фаъолияти қонунгузории мо ба масъалаи нархи маҳсулот дар бозорҳо ва ҷилавгирӣ аз боло рафтани онҳо вобастагӣ дорад ва мо бояд нисбат ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоем. Ба он мушкилоте, ки имрўз дар ҷомеа вуҷуд доранд, мо метавонем бо таҳия ва қабули қонунҳо таъсир расонида, онҳоро ҳал созем, то иқтисодиёти кишвар рушд ёбад ва ба дигарон вобаста набошем.








Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст






