Шаҳриён барои як шабонарўз об захира намоед!
Душанбе, 18 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Муддати як шабонарўз интиқоли оби нўшокӣ дар истгоҳи обтозакунии «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» ва «Кофарниҳон»-и пойтахт қатъ шуда, дар робита ба ин аз соати 23:00 18 октябр то соати 23:00 19 октябр интиқоли оби нўшокӣ дар бархе аз маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт муваққатан қатъ мегардад. Сабаби қатъи интиқоли оби нўшокиро масъулини сохторҳои марбутаи пойтахт дар гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» арзёбӣ менамоянд. Аз ҷумла, муддати як шабонарўз интиқоли оби нўшокӣ дар шаҳракҳои 24, 25, 43, 44, 52, 53, 61, 63, 64, 65 ва кӯчаҳои Борбад, Фирдавсӣ дар маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупская 1,2, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Фучик ва Чайковскийи ноҳияи Фирдавсӣ ва Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ, шаҳракҳои 31, 32, 33, 34, 35, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Миралӣ, Юсуф Вафо, Котовский, Пайрав Сулаймонӣ, Тургенев, Раҳмон Набиев, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Ҳаёти Нав, Арбобхотуни ноҳияи Сино қатъ мегардад. Инчунин интиқоли оби нўшокӣ дар кӯчаҳои Титов, Фучик, Коргар, Зафар, Гастелло, Улуғбек, Убайди Зоконӣ, Нестеров, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ аз бинои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» то меҳмонсаройи «Пойтахт» ва қисмати кӯчаи Айнӣ то гардиши фурудгоҳ, шаҳракҳои 191, 192,193,-и ноҳияи Шоҳмансур қатъ мегардад. Дар робита ба қатъи муваққатии интиқоли оби нўшокӣ дар истгоҳи обтозакунии «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» ва «Кофарниҳон» аз сокинони кўчаю шаҳракҳои мазкур хоҳиш мешавад, ки барои як шабонарўз об захира намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






