Шаҳрванди ҶИЭ дастгир шуд
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Ҳафтаи гузашта кормандони шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Эрон, директори генералии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ориён – Коттон» Ҳақсифат Абдулмуҳаммад Аббосро бо гумонбурди хилофи қонун аз худ намудани маблағ ва исрофкорӣ дастгир карданд. Мувофиқи хабари сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тахмин меравад, ки Ҳақсифат Абдулмуҳаммад Аббос дар давраи аз моҳи июни соли 2010 то моҳи октябри соли 2011 аз бунёди ҷамъиятии муассисаҳо барои хариди пахта 3 миллиону 17 ҳазору 196 сомонӣ гирифта, ин маблағро барои мақсадҳои шахсиаш истифода кардааст.Аз рӯи ин қазия дар ҳаққи гумонбурда парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






