Шартнома бо ҳуруфоти Брайл
Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Дар арафаи Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдак, ки ҳар сол 20 ноябр таҷлил мешавад, Бунёди кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) зимни ҳамкорӣ бо Созмони ҷамъиятии нобиноёни Тоҷикистон аввалин тарҷумаи тоҷикии «Шартнома дар бораи ҳуқуқи кӯдак» ва китоби «Дар бораи қобилият» — ро бо ҳуруфоти Брайл аз чоп баровард. Дар ин бора аз Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Тавре ки манбаъ тавзеҳ намуд, ҳамзамон Шартнома дар бораи ҳуқуқҳои шахсони имкониятҳояшон маҳдуд дар шакли китобча барои кӯдакони нобино, ки барои қироат ҳуруфоти Брайлро истифода мекунанд, рӯи чоп омадааст.Дар маросими муаррифии ин осор намояндагони вазоратҳои асосӣ, муассисаҳои давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимият, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ширкат доштанд. Ба фикри мутахассисон, ин осори ба забони тоҷикӣ ва бо ҳуруфоти Брайл чопшуда ба риояи ҳуқуқҳои кӯдакони қувваи босираашон вайроншуда мусоидат мекунанд.Қобили зикр аст, ки ЮНИСЕФ барномаҳоро дар беш аз 150 кишвари ҳамаи қитъаҳо роҳандозӣ намуда, ба кӯдакон дасти ёрӣ дароз мекунад, шароити зиндагии онҳоро беҳтар месозад ва имконоти дар шароити мӯътадил рушд ёфтан ва ба камол расидани онҳоро фароҳам меорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






