«Шириншо Шоҳтемур дар адабиёти тоҷик»
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). – Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ки нашриёти «Адиб» китоби наверо бо номи «Шоҳтемур дар адабиёти тоҷик» ба нашр расонд. Дар ин китоб осори назмӣ ва насрии адибони тоҷик бахшида ба корнамоиҳои Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур гирдоварӣ шудааст. Ҳамчунин дар маҷмӯаи мазкур драмаи нахустини драматург Ғанӣ Абдулло «Ситораи умед», ки соли 1964 ба чоп расида буд ва ҳамчунин драмаи шоири тоҷик Ато Мирхоҷа «Давлати баргашта» дар бораи Шириншо Шоҳтемур, ки бори нахуст нашр мегардад, дарҷ ёфтаанд.Сарсухани китоб аз ҷониби нависанда ва журналист Қурбон Аламшоев навишта шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






