Ширкати «Cevahir Holding» бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов бо Президенти ширкати “Cevahir Holding” Иброҳим Ҷавоҳир мулоқот намуд.Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сайёҳӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди маъдан ва кушодани корхонаҳои саноатиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Бояд зикр кард, ки ширкати “Cevahir Holding” 51 сол инҷониб дар самтҳои кишоварзӣ, тиҷоратӣ, сохтмони иншоот, роҳсозӣ, туристӣ ва коркарди маъдан фаъолият менамояд.Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






