Ситоди зимистонгузаронӣ дар Муъминобод

Октябрь 30, 2012 16:58

Мӯъминобод, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Тибқи қарори раиси ноҳияи Мӯъминобод «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти самарабахш ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013» ситоди ноҳиявӣ оид ба ҳамоҳангсозии корҳо ба фаъолияти мунтазами иншооти иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия дар ин давра ташкил шуд. Мувофиқи қарор аз ҷониби раёсати молия барои харидории ангишт, ҳезум, сӯзишворӣ ва дигар маводи лозимӣ барои соҳаи маориф 206727 сомонӣ, барои соҳаи тандурустӣ 18000 сомонӣ ҷудо гардид, ки 100 %- и нақшаро ташкил медиҳад. Барои таъмини шаҳрвандон дар ноҳия яксанд нуқтаи фурӯши ангишт ва ду нуқтаи фурӯши гази моеъ ташкил гардида, дар фасли сармо шаҳрвандон метавонанд бо нархи нисбатан арзон аз он харидорӣ намоянд. Барои гузаронидани зимистони имсола ташкилоту муассиса ва хоҷагиҳои ноҳия омода буда, ангишт, ҳезум, сӯзишворӣ, маҳсулоти ғалладонагӣ, картошка, пиёз, сабзӣ ва дигар маҳсулотро захира кардаанд.

Октябрь 30, 2012 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш